20 Ноябр 2026 - 21:47
Source: ABNA
4 ҳушдори сахти нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба Риёз

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: агар душман таҳдиди худро барои бомбаборон кардани бандари Ҳудайдаи Яман амалӣ кунад, бандари Ҷидда ва ҳамаи бандарҳои душмани саудӣ дар соҳили Баҳри Сурх ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи мо хоҳанд буд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Масира, Яҳё Сариъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: агар душман таҳдиди худро барои бомбаборон кардани бандари Ҳудайдаи Яман амалӣ кунад, бандари Ҷидда ва ҳамаи бандарҳои душмани саудӣ дар соҳили Баҳри Сурх ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи мо хоҳанд буд.

Вай афзуд: мо ба кормандон ва коргарон дар бандари Ҷидда ва тамоми бандарҳои душмани саудӣ ва бандарҳои ҳамҷавор ҳушдор медиҳем, ки фавран он ҷоро тарк кунанд ва аз онҳо дурӣ ҷӯянд. Мо аз ҳамаи ширкатҳои киштиронӣ металабем, ки фавран киштиҳои худро аз бандарҳои душмани саудӣ хориҷ кунанд.

Қобили зикр аст, ки чанд дақиқа пеш эътилофи саудӣ бо нашри харитае аз шаҳрвандон хост, ки бандари Ҳудайдаро барои ҳифзи ҷони худ тарк кунанд.

Вай инчунин дар ҳушдори дигаре эълом кард: нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ҳамаи ширкатҳои ҳавоӣ ҳушдор медиҳанд, ки фазои ҳавоии Саудӣ ба ҷуз осмони Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара ноамн аст, зеро дар соатҳои оянда ҳадафи амалиёти мо хоҳад буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha